Ба сухану ёдбуд дар маросими видоъ бо Ато Аҳроров роҳ надоданд

Фарҳангиёни Самарқанд мегӯянд, ба онҳо иҷоза дода нашуд, ки дар маросими видоъ бо ҳунаршиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров аз зиндагӣ ва шахсияти ӯ сухан кунанд.

Дар ҳоле ки даҳҳо нафар аз аҳли илму фарҳанг дар ҳавлии Ато Аҳроров дар деҳаи Мотуриди вилояти Самарқанди Узбекистон мехостанд, аз корнома ва хислатҳои инсонии ӯ ҳикоят кунанд, пас аз як дуъои ҷаноза ба забони узбекӣ ба баргузории маросими видоъ роҳ дода нашудааст.

Чанд нафар аз шоҳидони воқеа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, имоми ҷаноза, муовини имомхатиби вилояти Самарқанд мулло Яъқуб Мансуров иҷоза надод, ки намояндаҳои аҳли фарҳанги шаҳр дар бораи чеҳраи маъруф суҳбат кунанд.

Адиби тоҷик Адаш Истад гуфт, ин дар ҳоле буд, ки “микрофон гузошта шуда буд ва чанд нафар, аз ҷумла шоир Асадулло Шукуров, адабиётшиноси шинохта Садрӣ Саъдиев ва дигарон аз пеш омодагӣ доштанд, ки дар бораи зиндагии Ато Аҳроров ва хидматҳои ӯ ба илму фарҳанг сухан мегӯянд”.

Ато Аҳроров - ҳунаршинос, мунаққид ва арбоби ҳунари Тоҷикистон шоми панҷшанбе дар синни 85-солагӣ фавтид. Ӯ дар гузашта дар Пажуҳишгоҳи таърих, ҳунар ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва аз соли 1996 то охири умр дар кафедраи илмҳои иҷтимоии Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанд кор кардааст.

Вай Аълочии кинематографияи Иттиҳоди Шӯравӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, узви иттиҳодияҳои синемогарони СССР ва Тоҷикистон, номзади илми ҳунаршиносӣ, барандаи чандин ҷоизаи байнулмиллӣ буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мунаққиди синемо Ато Аҳроров дар Самарқанд даргузаштНома аз Самарқанд. Ёде аз Борис Кимёгаров ва филмҳои ӯ. АКС, ВИДЕОТафаккури эпикии Кимёгаров дар филмҳо аз рӯи "Шоҳнома"-и ФирдавсӣРӯзи синамои тоҷик бо муаррифии "Қомус" ва ҷашнвораи "Дидор"