Рӯзи 26 май мақомот дар се минтақаи Русия иддао карданд, ки гӯё мавриди ҳамлаи нирӯҳои украинӣ қарор гирифтаанд. Волии Белгород Вячеслав Гладков дар Телеграм канал навишт, ки дар паи тирборони чор ноҳияи ин вилоят дар шаби гузашта ҳеҷ хисороте ба қайд гирифта нашудааст.
Василий Голубев, раиси вилояти Ростов гуфт, як мушаки украиниро дар фазои шаҳри Морозовск нобуд карданд ва раиси шаҳри ҷанубуғарбии Краснодар Евгений Наумов гуфт, субҳи имрӯз дар натиҷаи таркише як бинои маъмурӣ ва як иморати истиқоматӣ осеб диданд. Хабарҳои матбуотӣ мегӯянд, ки Краснодар мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ё паҳпод қарор гирифт. Украина ин иттиҳомҳоро шарҳ надодааст.