Мурофиаи рӯзноманигор Хуршед Фозилов рӯзи 25-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд шуруъ шуд.
Масъулияти муҳокимаро раиси Додгоҳи шаҳри Панҷакент ба дӯш дорад.
Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мурофиа танҳо вакили мудофеъ ва ду шоҳид роҳ ёфтаанд.
"Ба наздикон иҷозаи даромадан надоданд. Модару хоҳарам дар беруни боздоштгоҳ мунтазири баррасии қазия ҳастанд," – афзуд ӯ.
Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.
Ӯ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст. Худаш рад кардааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.
Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.
Вай бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт. 37-сола ва падари се фарзанд аст.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва намояндагони кишварҳои ғарбӣ ҳукуматро ба фишори афзоянда ба хабарнигорон танқид карданд.