Дороиҳои 12 гумонбари "парвандаи Кампиробод"-ро ҳабс карданд

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон дороиҳои 12 гумонбар дар доираи "парвандаи Кампиробод"-ро ба ҳабс гирифтаанд.

Касиет Мамирбой, духтари ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи қарори раҳбари гуруҳи тафтишотӣ Улана Ҷапековаро аз 19 майи 2023 дар ин бора нашр кардааст.

Дар қарор ному насаби 12 гумонбар, Равшан Ҷеенбеков, Жениш Молдокматов, Бектур Асанов, Марат Баёзов, Кенешбек Душебоев, Рита Карасартова, Ойбек Бузурманқулов, Алӣ Шабдан, Оқил Айтбоев, Сарилдик уулу Илгиз, Азимбек Бекназаров ва Темир Маҳмудов оварда шудааст.

Тавре дар қарор дида мешавад, ба айбномаи гумонбарони "парвандаи Кампиробод" банди нав - "Кӯшиши ғасби қудрат аз роҳи зурӣ" илова гаштааст. Вакилони дифои гумонбарон мегӯянд, тафтишот тақрибан ба поён расидааст.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд.

Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табаддулоти давлатӣ" ташкил кунанд.