Сабоҳат Қосимова (Набиева), ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми май дар 72-солагӣ даргузашт.
Ӯ ҳамсари коргардони шинохта Фаррухи Қосим ва хоҳари овозхони зиндаёд Муқаддас Набиева буд.
Донишкадаи омӯзгориро хонда, зиёда аз панҷоҳ сол умри худро бо кори саҳнаву театр гузаронд.
Ҳамсараш Фаррухи Қосим дар соли 1990 театри "Аҳорун"-ро таъсис дод ва Сабоҳат Қосимова дар саргаҳи ин театри таҷрибавӣ қарор дошт ва аз қаҳрамонҳои аслии саҳнаҳои ин театр буд.
Тақрибан дар ҳаштод намоиши гуногун нақш бозидааст. Аз ҷумла, Зулайхо дар намоишномаи “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон”, Катоюн дар “Исфандиёр”, модар Марям дар “Даҷҷол”.
Худаш ду сол пеш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нақшҳои офаридаашро фарзандони худ дониста буд, зеро мегуфт, “ҳунарманд нақшро таваллуд ва дар вуҷуди худаш тарбият мекунад ва баъдан ба бинанда намоиш медиҳад.”
Пас аз марги шавҳар дар соли 2010 раҳбарии театри таҷрибавии "Аҳорун" ба дасти Сабоҳат Қосимова уфтод. Барои идомаи мактаби Фаррухи Қосим таҷриба ва ҳунари дар тӯли солҳо андӯхтаи Сабоҳат Қосимова кумак кард. Ҷавононро дар ин театр тарбият кард ва театрро зинда нигоҳ дошт.
Барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан”, “Наврӯз-90”, “Тугайлик”, “Даҳаи фаҷр” ва “Осиёи Миёна” аст.
Навори ду сол пеш:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад