Дар натиҷаи борони шадид дар чанд минтақаи Тоҷикистон сел омадааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки 23-юми май сел ба роҳу хонаҳои мардум дар шаҳри Ваҳдат, водии Рашт ва ноҳияи Ёвон осеб расонд.
Сел дар деҳаи Варваи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат 3 ҳавлӣ ва 10 замини наздиҳавлигии сокинонро зери обу лой гузошт. Ҳамчунин сабаби баста шудани роҳи мошингарди "Нуробод-Сангвор" шуд.
Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки дар чанд минтақаи кишвар жолаву борони сахт боридааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел ҳушдор дода буданд ва мегӯянд, ин ҳол ду рӯзи дигар давом карда метавонад.