Ду мақомдори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.
Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо нашри гузориши видеоӣ рӯзи 21-уми май аз боздошти Иброҳим Ҷабборзода ва Нуралӣ Шукуров декан ва муовини декани факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Ғафуров хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, ду мақомдори донишгоҳ барои мондани баҳо аз як донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси таърих, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, пора талаб кардаанд. "Дар пайи шикояти донишҷӯ рӯзи дуюми май додситонӣ ва раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд муовини декани факултаро ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ боздошт кардаанд,"-- омадааст дар гузориш.
Назар ва мавқеи омӯзгорони боздоштшуда маълум нест.
Нисбати ҳарду мақомдори Донишгоҳ, бо модаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани "ришва" парванда боз шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштаанд.
Шикоят аз ришваситонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон кам нест. Аз кори мақомот ҳам дар амри ҷилавгирӣ аз фасод танқид садо медиҳад, ки бештар омӯзгорону пизишконро боздошт мекунанд ва аз фасодкории афроди баландпоя чашмпӯшӣ мекунанд.
Созмонҳои байналмилал дар гузоришҳои худ мизони фасод дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ кардаанд. Соли гузашта, Созмони Шаффофияти Байналмилал дар гузориши худ гуфта буд, фасод дар Тоҷикистон ба як “расм” табдил шудааст.