Пизишкон аз беҳбуди вазъияти 28 нафар захмиёни инфиҷори зарфи газ дар бозори ноҳияи Панҷ хабар доданд. Вале бо ин ҳол хатар ҳанӯз ҷой дорад. Ду нафар аз маҷруҳшудагон наврасони 3 ва 4 сола будаанд. Дар пайи ин ҳодиса то кунун касе нафавтидааст.
Маҳмадӣ Самиев, сартабиби бемористони ноҳияи Панҷ 22-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, 8 нафар то ба ҳол дар шуъбаи эҳё ҳастанд. Аз ҷумла бадани се нафар аз захмиён аз 70 то 80 дарсад сӯхтааст. Табобати ин беморон мумкин аст чандин моҳ тӯл бикашад.
“Баъзе беморон 4 дарсад ва аз ҳама зиёд то 80 дарсади баданашон сӯхтагӣ аст. Ҳамаи 28 нафар дар Беморхонаи ноҳияи Панҷ бистарӣ ҳастанд. Табобати ин гуна беморон якрӯза-дурӯза нест. Вақт нишон медиҳад,”-афзуд Маҳмадӣ Самиев.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар вокуниш бар ин ҳодиса мутахассисони Душанбе ва Бохтар барои кӯмак фаро хонда шудаанд. Дар ҳоле, ки наздикони беморон ҳанӯз барои суҳбат дастрас нестанд, сарпизишки бемористон гуфт, беморон бо дорувории ройгон таъмин шудаанд.
Рӯзи 20-уми май дар як нуқтаи омода кардани хӯрокҳои зудтайёр дар маркази ноҳияи Панҷ зарфи гази моеъ таркид. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ин таркишро "риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ" унвон карда аст. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, зарфи газ куҳна буд ва онро беш аз меъёр пур карда буданд.
Ин бори аввал нест, ки дар манзили сокинон ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ зарфҳои гази моеъ метарканд. Мақомот сокинонро ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ гунаҳкор мекунанд. Аммо мунтақидон мақомотро барои назорати ҷиддӣ набурдан дар ин самт танқид мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аҳволи ҳашт захмии таркиш дар бозори Панҷро "вазнин" гуфтандТаркиши зарфи газ дар бозори Панҷ. 26 кас осеб дидааст. ВИДЕО