Ҷанг барои шаҳре, ки “ба хок яксон шудааст”

Харобаҳои шаҳри Бахмути Украина

Владимир Зеленский, президенти Украина ишғоли Бахмут аз ҷониби русҳоро рад кард.

Президенти Украина, ки ҳоло дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон дар нишасти сарони гурӯҳи кишварҳои ҳафтгона (G7) иштирок дорад, гуфт, “мо муқовимат мекунем, мо ба мубориза идома медиҳем.”

Рӯзи 20-уми май Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер” дар навори видеоие иддао кард, ки Бахмутро пурра ғасб кардаанд. Ӯ дар иҳотаи чанд низомипӯш ва дар назди харобазори шаҳр ба зархаридонаш ташаккур гуфт. Рӯзи 21-уми май Вазорати мудофиаи Русия низ тасдиқ кард, ки ин шаҳрро “гирифтаанд”.

Владимир Зеленский гуфт, хеле хуб медонад, ки дар Бахмут чӣ мегузарад, вале ба хотири зери хатар нагузоштани низомиёни Украина ҷузъиётро ошкор намекунад.

“Бахмут дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Федератсияи Русия ғасб нашудааст," -таъкид кард, Зеленский.

Сергей Череватий, як низомии украинӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки артиши кишвараш дар ҷанубу ғарби шаҳр истодагарӣ мекунад, вале ин шаҳр “ба хок яксон шудааст.”

Ин низомӣ гуфтааст, ки Русия барои ишғоли Бахмут нерӯи зиёд сарф кард ва ин шаҳрро барои худ пураҳамият ҷилва дод.

“Шаҳр хароб шудааст ва он на аз нигоҳи низомӣ ва на сиёсӣ фоидае ба онҳо нахоҳад овард. Мо муқобилиятро идома дода, онҳоро ором намегузорем ва вобаста ба имконият ҳамлаи ҷавобӣ мекунем,”—гуфтааст, Сергей Череватий.

Барои ғасби Бахмут Русия аз зархаридони ширкати хусусии “Вагнер” истифода мекунад, ки бештарашон маҳбусони зиндонҳои ин кишваранд. “Вагнер” ҳазорон маҳбусро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон ба ҷанг ҷалб кардааст.

Бахмут, ки онро русҳо Артёмовск меноманд, як шаҳр дар вилояти Донетски Украина аст. Нерӯҳои Русия беш аз як сол боз барои ишғоли ин шаҳр, ки то оғози ҷанг беш аз 70 ҳазор аҳолӣ дошт, талош доранд.

Русия ин шаҳрро "дорои аҳамияти стратегӣ" меномад. Мақомоти Украина мегӯянд, агар ҳатто ин шаҳрро ҳам аз даст диҳанд, чизе дар раванди ҷанг тағйир нахоҳад кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Русия аз ғасби Бахмут хабар дод. Украина рад кардИдомаи пешравиҳои Украина дар Бахмут. Бритониё ба Киев аслиҳаи бештар додГузориш дар бораи созмоне, ки маҳбусони тоҷикро ба ҷанг мебарад. ВИДЕОПригожин гуфт, ба идомаи ҷанг дар Бахмут "ваъда" гирифтаастУкраина гуфт, аз 50 ҳамлаи русҳо ҷилавгирӣ кардаанд Дар Бахмути Украина дигар касе намондааст? ВИДЕОЯк амрикоӣ ва ду канадаӣ дар Бахмут кушта шудаанд