Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ғасби Бахмут хабар дод. Украина рад кард


Шаҳри харобшудаи Бахмут
Шаҳри харобшудаи Бахмут

Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки ҷангҷӯёни “Вагнер” шаҳри Бахмути Украинаро гирифтаанд.

Аз ин пеш, рӯзи 20-уми май Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер” аз ғасби ин шаҳр хабар дода буд.

Мақомоти Украина хабари ғасби Бахмутро рад карда, мегӯянд, ҳанӯз низомиёни украинӣ барои дифоъ аз шаҳр муқовимат мекунанд.

Владимир Зеленский, президенти Украина дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар Ҷопон, ки Бахмут дар дасти онҳо мемонад ё не, гуфт, “Фикрам мекунам, не.” Ӯ гуфтааст, “Бахмут дар қалби мо боқӣ хоҳад монад.”

Баъдан, мақомоти Укрина гуфтанд, ки манзури Зеленский ин буд, ки аз шаҳр чизе боқӣ намондааст ва ӯ шикаст дар Бахмутро тасдиқ накардааст.

Моҳҳо боз Русия талош дорад, шаҳри Бахмути Украинаро тасарруф кунад. Дар ин хати ҷанг зархаридони гурӯҳи “Вагнер” меҷанганд, ки аксаран зиндониён ҳастанд.

XS
SM
MD
LG