ИМА эълон кард, ки ба Украина дар ҳаҷми $375 миллион кумак мекунад.
Дар ин бора Ҷо Байден, президенти Амрико дар мулоқоташ бо Владимир Зеленский, президенти Украина дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои "Гурӯҳи ҳафт" дар Ҷопон хабар дод.
"ИМА истифодаи ҳама имкониятҳоро барои қавӣ кардани иқтидори мудофиаи Украина давом медиҳад,"--гуфт, Байден.
Президенти ИМА гуфт, аз бозгашти сулҳ дар Украина ва якпорчагии ин кишвар ҳимоят мекунад.
Дар ин маблағ низомиёни Украина шеваи истифода аз силоҳҳои навро омӯзиш мегиранд ва ба ин кишвар тиру мушак, аз ҷумла мушак барои мушакандози навъи HIMARS, дода хоҳад шуд.
Владимир Зеленский, президенти Украина ба мардуми Амрико ташаккур гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, аз оғози ҷанг то кунун ИМА $37 миллиард кумак кардааст.
ИМА аз ибтидо гуфта буд, ки ба Украина барои муқобилият ба таҷовузи Русия кумак хоҳад кард.