Президенти Молдова гуфт, то соли 2030 ба Иттиҳоди Аврупо мепайванданд

Ҳамоиши тарафдорони пайвастан ба ИА дар Молдова

Дар Кишинёв, пойтахти Молдова ҳамош ба тарафдории пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.

Майя Санду, президенти Молдова, ки ин ҳамоишро созмон дода буд, гуфт, дар давоми ҳафт сол, яъне то соли 2030 Молдова бояд ба Иттиҳоди Аврупо пайвандад.

Ӯ гуфт, ҷанг дар Украина нишон дод, ки ягона роҳи дар осоиштагӣ ба сар бурдан ин пайвастан ба ИА аст.

"Ин ҷанг нишон дод, ки мо дигар намехоҳем, Кремл моро шантаж кунад,"--гуфт, ӯ.

Молдова, кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст. Русия пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупоро намехоҳад. Талошҳои пайвастани ин кишвар ба ИА дар ҷанд соли ахир бештар шудааст.