Додгоҳи Амрико зодаи Узбекистонро ба 8 ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Сайфулло Саипов

Додгоҳе дар Амрико зодаи Узбекистон Сайфулло Саиповро, ки ба пахш кардани одамон бо мошини боркаш дар маркази Ню-Йорк муттаҳам мешуд, ба 8 ҳабси якумрӣ маҳкум ва 260 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ахиран Саипови 34-сола бар асоси 28 банд, аз ҷумла куштор, сӯиқасд ба куштор ва кумаки моддӣ ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” гунаҳкор дониста шуд.

Додрас бар асоси ҳамаи бандҳо ҷазои сахттаринро таъйин кардааст.

Вакили мудофеи гумонбар Дэвид Паттон қаблан эътироф карда буд, ки ҷониби ҳимоятгар далелҳои ҳамларо ба раҳгузарон инкор намекунад, аммо иддаои додситониро, ки гуиё шахси зери ҳимояи ӯ барои пайвастан ба ДОИШ ин ҳамларо анҷом додааст, қабул надоранд. Ӯ гуфтааст, ин ҳамла танҳо ангезаи мазҳабӣ дошт.

Саипов, ки дар куштори 8 кас дар маркази шаҳри Ню-Йорк дар рӯзи 31-уми октябри соли 2017 гунаҳкор дониста шуд, қаблан гуфта буд, омодааст гуноҳашро эътироф кунад, ба шарти он ки ба ҳукми қатл маҳкум нашавад.

Саипов як муҳоҷир аз Узбекистон аст, ки соли 2010 иҷозаи иқомати доимиро дар Иёлоти Муттаҳида ба даст овард. Ӯро баъд аз чанд лаҳзаи ҳамла ба роҳгузарон дар Манҳеттен боздошт карданд.

Полис гуфт, ин мард барқасдона мошини иҷораро ба сӯи велосипедронҳо ронд. Ҳодиса чанд кӯча дуртар аз Маркази тиҷоратии Амрико рух дод, ки соли 2011 шоҳиди ҳамлаи ваҳшатбори террористӣ шуд.