Дар вилояти Симферополи нимҷазираи Қрими Украина, ки аз сӯи Русия ғасб шудааст, вагонҳои пури ғалла аз роҳ баромадаанд.
Дар ин бора раҳбари Қрим Сергей Аксенов дар канали худ дар Телеграм хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, касе осеб надид, вале сабабҳои ҳодисаро шарҳ надод.
Ҳаракати қатор ё поезд дар масири Симферопол — Севастопол бас карда шудааст.
Роҳи оҳани Қрим хабар додааст, ки "ҳодисаи аз роҳ баромадани вагонҳои қатори боркаш ба далели дахолати шахсони бегона ба кори нақлиёти роҳи оҳан рух дод".
Канали "База" дар Телеграм бе зикри манбаъ хабар дод, ки субҳи панҷшанбе дар роҳи оҳани Симферопол таркиш ба амал омад. Дар натиҷа ҳашт вагони ҳомили ғалла аз роҳ баромада, панҷ вагон чаппа ва тақрибан 50 метр роҳи оҳан вайрон шудааст.
Дертар хабаргузории русии "РИА Новости" бо такя ба як манбаъ дар хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар бораи аз роҳ баромадани вагонҳо хабар дод.