Ҳабси як мард барои хушунати ҷинсӣ дар метрои Тошканд

Метрои Тошканд, акс аз соли 2018

Додгоҳ дар шаҳри Тошканди Узбекистон мардеро ба 5 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Ҷамшедбек Шомуродови 24-сола, сокини вилояти Хоразм, рӯзи 12-уми май ба хушунати ҷинсӣ нисбат ба духтаре дар дохили метро гунаҳкор шудааст.

"Ҷабрдида ба навбатдорони истгоҳи метро муроҷиат кард ва Шомуродов аз сӯи онҳо боздошт шуд", - хабар доданд мақомоти додгоҳии Узбекистон.

Дар мурофиаи додгоҳӣ мард гуноҳро эътироф ва аз кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст. Ҷабрдида аз додгоҳ хостааст, ки нисбати мард ҷазои сабук таъйин шавад.

Дар натиҷа додгоҳ ӯро ба "хушунати ҷинсӣ" гунаҳкор кард ва 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.