Додгоҳи Фаронса шикояти президенти пешини ин кишвар Николя Саркозиро дар мавриди парвандаи фасодкориаш рад кард.
Сиёсатмадори 68-сола моҳи марти соли 2021 ба харид ва фурӯши нуфуз гунаҳкор дониста ва ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Ду соли он шартӣ буд.
Саркози нахустин президенти Фаронса аст, ки ба зиндони воқеӣ маҳкум мешавад, аммо вай ҷазоро дар зиндон адо намекунад.
Додгоҳ ба вай иҷоза дод, ки давраи адои ҷазоро дар ҳабси хонагӣ гузаронад. Барои назорати равуои вай дастбанди электронӣ истифода мешавад.
Пештар додситонии молии Фаронса талаб кард, ки Саркозиро дар доираи парвандаи дигар - дарёфти сармояи ғайриқонунӣ аз низоми диктатори пешини Либия Муаммар Қазофӣ муҳокима кунанд.
Президенти пешини Фаронса ин иттиҳомро рад мекунад. Вай то кунун яке аз маъруфтарин сиёсатмадорони Фаронса мондааст.