Парвандаи Хуршед Фозиловро ба Додгоҳи Панҷакент фиристодаанд

Хуршед Фозилов

Парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозиловро барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент фиристодаанд. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи рӯзноманигор, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Қазияи Хуршед Фозилов аз тарафи идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқ шудааст ва барои онки рӯзноманигор сокини Панҷакент аст, парвандаашро ба додгоҳи ин шаҳр фиристоданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа кай баргузор мешавад.

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Худаш рад кардааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.

Дар як соли ахир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва 7 нафари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани хабарнигорон борҳо танқид кардаанд.