Тихановская хост, “омода” бошанд. Лукашенко ҳам “пайдо” шуд

Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони ҳукумати Беларус, аз мардуми ин кишвар ва ҷомеаи байнулмилалӣ хост, ба ҳар гуна “сенария” омода бошанд.

Даъвати ӯ дар ҳолест, ки сарусадо дар бораи бемор шудани Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, дар рӯзҳои охир афзудааст.

Тихановская рӯзи 15-уми май дар Твиттер навишт, “дар бораи вазъи саломати диктатор Лукашенко овозаҳои зиёд ҳаст. Ин ҳолат барои мо як паём дорад: бояд ба ҳар гуна сенария омода бошем.”

Вай илова кардааст, ки барои пешгирӣ аз дахолати Русия ва баргардондани Беларус ба масири демократия “ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъол бошад ва фаврӣ амал кунад”.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии БелТА рӯзи 15-уми май иттилоъ дод, ки Лукашенко ба маркази фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар рафт.

Хадамоти матбуотии Лукашенко низ дар Телеграм аксеро нашр кард, ки ӯ дар роҳи “ҷангалпӯш” гузориши афсареро мешунавад. Дасти ӯ ба мисли ҳафтаи гузашта докапеч аст.

Баъзе аз гузоришҳои тасдиқношуда баёнгари онанд, ки Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларусро рӯзи 13-уми май ба беморхона бурдаанд.

Ӯ рӯзи 14-уми май дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи парчаму нишон ва суруди миллии кишвараш иштирок накард ва ба оташи овозаҳо дар бораи хуб набудани саломатияш равған рехт.

Лукашенко тақрибан сӣ сол боз ба Беларус раҳбарӣ дорад.