Овозхони шведӣ, Loreen бо таронаи "Tattoo" баррандаи имсолаи озмуни мусиқии “Евровидение” шуд. Озмуни маъруфи байналмилаллӣ, ки имсол дар Бритониё баргузор шуд, рӯзи 13-уми май ҷамъбаст гардид.
Овозхон Loreen ҳам аз сӯйи ҳакамон ва ҳам бинандаҳо овози аз ҳама бештарро соҳиб ва ғолиби озмун эълон шуд. Соли 2012 ҳам ин ҳунарманди шведӣ баррандаи озмуни “Евровидение” шудааст.
Ҷойи дуввум дар озмуни имсола насиби репсарои финӣ Käärijä бо таронаи "Cha Cha Cha" шуд ва мавқеи сеюмро овозхон Ноа Кирел аз Исроил аз худ кард.
Соли гузашта дар озмуни “Евровидение” ҳунармандони украинӣ ғолиб омаданд ва қарор буд имсол ин озуни бонуфуз дар Украина баргузор шавад, аммо ба далели ноамнӣ дар ин кишвар, “Евровидение” дар шаҳри Ливерпули Бритониё гузашт.
Аммо ташаббускорони озмун дар шаҳри мизбони “Евровидение” тасмим гирифтанд ба нишони ҳамрайъӣ ба Украина ин маъракаи бонуфузро аз номи ин кишвар барпо кунанд. Ливерпулро бо рангҳои кабуду зарди парчами Украина оро доданд ва ба меҳмонон аз тамоми дунё дар баробари пешниҳоди рақсу сурудҳои зиндаи украинӣ, ҳамчунин имкон доданд, таомҳои украиниро бичашанду дар бораи ин кишвари ҷангзада маълумот бигиранд.
Имсол Украинаро дар “Евровидение” гурӯҳи TVORCHI бо суруди “Қалби пулодин”, муаррифӣ кард. Дар ин суруд овозхонон ҷонфидоии сарбозони Украиниро дар Азовстал васф мекунанд.
Русия ва Белурос имсол ҳам аз ҳаққи ширкат дар “Евровидение” маҳрум буданд.