Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки Тайванро як пора хоки Чин меҳисобад.
Ӯ ин ҳарфро рӯзи 12-уми май дар суҳбат бо телевизиони CCTV-и Чин иброз дошт.
Аксар кишварҳои ғарбӣ Тайванро як кишвари мустақил медонанд, вале Чин онро хоки худ меҳисобад.
Раҳбари Қазоқистон, ки дар суҳбаташ ҳамкориҳои кишвараш бо Чинро "самимӣ" номид, ошкоро аз мавқеи Чин дар робита ба Тайван пуштибонӣ кард.
Ба қавли Тоқаев, барои Қазоқистон "комилан рӯшан" аст, ки Тайван хоки Чин аст.
"Набояд "ду Чин" вуҷуд дошта бошад. Тайван ин қисми Чин аст. Қоидаи эътирофи кишварҳо бо ҳудудҳояшон дар оинномаи СММ зикр шудааст ва набояд онро нодида гирифт,"--гуфт, ӯ.
Қазоқистон, аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаст, ки солона аз Чин миллионҳо доллар қарзу сармоя дарёфт мекунад ва пойбанди ин кишвар аст.