Дар даргирии мусаллаҳонае дар пойгоҳи Муслим-Боғ дар вилояти Балуҷистони Покистон шаш ҷангҷӯ ва ҳафт корманди хадамоти бехатарии ин кишвар кушта шудааст.
Мақомот хабар доданд, ки ҷангҷӯён ба пойгоҳи марзбонон дар Муслим-Боғ рӯзи 12-уми май ҳамла кардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳоло амалиёт барои озод кардани чанд асир ва саркуб кардани ҳамлагарон оғоз шудааст.
Масъулияти ҳамларо ҷунбиши исломии “Таҳрик ва Ҷиҳоди Покистон” бар душ гирифтааст.