Дар Ню-Йорк “Ҳофизи ҷаноби олӣ”-ро нишон доданд. ВИДЕО, АКС

Левӣ Бобохонов

Дар шаҳри Ню-Йорк филми “Ҳофизи ҷаноби олӣ” муаррифӣ шуд, ки аз саргузашти Левӣ Бобохонов, шашмақомсарои яҳудиасли Бухоро, қисса мекунад.

Нахустнамоиш дар Маркази яҳудиёни Бухоро рӯзи 8-уми май баргузор шуд. Муаллифи филм коргардон Борис Катаев, аълочии фарҳанги Тоҷикистон аст. Ӯ ҳоло муқими Амрикост.

Намоиши филм бо ҳузури зиёда аз 200 нафар, асосан яҳудиёне, ки аз Душанбе, Бухоро ва Самарқанд ба Амрико кӯчидаанд, доир шуд.

Филмро бар пояи намоишномаи “Левича - Ҳофиз” таҳия кардаанд. Нахустнамоиши “Левича - Ҳофиз” соли 1999 дар “Queens Theater” баргузор шуда буд.

Моше Сезанаев, мудири Маркази фарҳангии яҳудиёни Бухоро, гуфт, намоишнома ҳаводорони зиёде пайдо карда буд: “Ҳамон шабу рӯз модарарӯси ман, Барно Исҳоқова, ба Ню-Йорк омада буданд. Ин намоишномаро тамошо карда, ба он баҳои баланд дода буданд. Муаллифи спектакл Илёс Маллаев аст”.

Намоишнома аз саргузашти пурпечутоби Левӣ Бобохонов бо забони тоҷикӣ қисса мекунад. Дар он гуфта шудааст, ки ӯ “бинобар яҳудӣ будан ба фитнаву дасисаҳои зиёде гирифтор шуд”, аммо ба сабаби ҳунари сарояндагӣ тавонист ба дарбори Амир Олимхон роҳ ёбад.

Овозаи сарояндагии Левӣ аз дарбори Амир Олимхон фаротар рафта, як сайёҳи литвонӣ хостааст, бо граммофон сурудаҳои ӯро сабт кунад, аммо амир мухолифат кардааст. Сипас амр шудааст, ки ҳеч гоҳ садои ӯро сабт накунанд, чун суруди ҳофизи амирро танҳо ӯ бояд шунавад ва “дастраси ом нашавад”.

Бо ин вуҷуд соли 1909 кормандони студияи “Рига – граммофон” чанд суруди Левӣ – “Қашқарчаи Сарвиноз”, “Муғулчаи Бузург”, “Насри Ушшоқ”, “Талқини Уззол”, “Талқини Ушшоқ”, “Уфари Муғулчаи Сегоҳ”-ро сабт кардаанд.

Чанд порча аз сурудаҳои Левӣ Бобохонов, ки то кунун ҳифз шудаанд, маҳз сабти сайёҳи литвонӣ будааст.

Коргардони филм Борис Катаев (қатори аввал, аз тарафи чап якум) бо намояндагони ҷомеаи яҳудиён дар Ню-Йорк

Гуфта шуд, аксар нақшҳоро дар намоишномаи “Левича - Ҳофиз” на ҳунармандони касбӣ, балки ихтиёриён аз шумори яҳудиёни бухороии Ню-Йорк бе подош иҷро кардаанд. Танҳо 6 ҳазор долларе, ки ҳаводорони фарҳанг ҷамъ овардаанд, он замон (соли 1999) танҳо барои ороиши саҳна ва либосҳо харҷ шудааст.

Левӣ Бобохонов дар дарбори охирин амири Бухоро хидмат карда, ба сабаби хусумати амир ва дарбориён ба Самарқанд фирор кардааст. Соли 1926 дар 53-солагӣ дар онҷо даргузашт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нахустнамоиши "Ҳофизи ҷаноби олӣ" дар Амрико