Интихоботи тақдирсози президентӣ дар Туркия

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 14-уми май бо бузургтарин чолиш рӯбарӯ мешавад. Ё дар мансаб мемонад ва ё шикаст хӯрдаву карйераи сиёсии худро ба поён мебарад. Заминларзаи пурқурбонӣ ва ноомодагии давлат ба он ба эътибори Эрдуғон зарба зад. Рақиби ӯ дар интихобот, сиёсатмадор Камол Қиличдороғлу, ба мардум ваъдаи ислоҳоти демократӣ медиҳад. Гузориш аз ҳолу ҳавои интихоботии Туркия.