Эълони номи як довталаб ба мансаби президенти Узбекистон

Абдушукур Ҳамзаев

Рӯзи 11-уми май Анҷумани Ҳизби экологии Узбекистон баргузор шуд. Дар ин анҷуман аъзои ҳизб тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кунанд.

Ба ин тартиб, раиси ҳизб Абдушукур Ҳамзаев дар интихобот ҳамчун номзад пешбарӣ шудааст. Ҳамзаеви 50-сола зодаи вилояти Сурхондарёи Узбекистон аст.

Ҳизби экологии Узбекистон дар интихоботи президентии соли 2021-ум 4,1 дарсад раъй гирифта буд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон ба 9-уми июл таъйин шудааст. Маъракаи интихоботӣ 10-уми май шуруъ шуд.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон гуфт, пешбарии номзадҳо то 1-уми июн идома мекунад ва сабтиноми номзадҳо 6-уми июн ба поён мерасад.