Қазоқистон низоми бе раводид (виза)-ро барои шаҳрвандони Чин то 30 рӯз дароз карданист. Қирғизистон ният дорад, аз ин иқдом пайравӣ намояд. Дар паси ин иқдом чӣ меистад ва таъсираш ба минтақа чист?
Чин (Хитой) пас аз се соли маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирас ба рушди иқтисод ва тақвияти муносибатҳои дипломатияш дар саросари ҷаҳон "камар" бастааст. Баъзе аз таҳлилгарон ва намояндагони ҳукуматҳо мегӯянд, Пекин ҳоло Осиёи Марказиро нишон гирифта.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тарҳи бузург"-и Чин барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?Раҳбари Чин, Сӣ Ҷинпин, рӯзҳои 18 ва 19-уми май дар Сиан бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
Интизор меравад, дар ҳамин моҳ созишномаи нав миёни Қазоқистон ва Чин низ ба имзо бирасад, ки сафари бе визаи шаҳрвандонро барои 30 рӯз фароҳам меорад. Ҳоло дар Қазоқистон барои сайёҳони чинӣ ба монанди Узбекистон низоми бидуни раводид барои 14 рӯз ҷорӣ шудааст.
Қирғизистон дар масъалаи бекор кардани раводид бо Пекин вориди музокирот шуда, умед дорад, бо афзудани тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ, иқтисоди худро қувват бахшад. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 3-юми май пас аз мулоқот бо ҳамтои чинияш гуфт, "масъалаи додани раводид барои шаҳрвандон, аз ҷумла ронандагон… ва ҷорӣ кардани низоми бидуни раводидро баррасӣ кардем."
Талош барои рушди равобит бо Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки Чин умедвор аст, ба тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" нафаси тоза бахшад ва вазъро дар вилояти ғарбии Шинҷон ба эътидол биоварад. Ин минтақа бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.
Раффаэлло Пантуччи, муаллифи китоби "Синостан", ба Радиои Озодӣ гуфт, "имиҷ ва равобити тиҷоратии Чин дар аҳди пандемия осеб дид. Замоне ки Пекин сарҳадҳояшро бо Осиёи Марказӣ баст."
Фасли нав
Илова ба маҳдудиятҳо дар аҳди пандемия дар Чин, ки боис ба коҳиши чашмгири тиҷорат шуд, назорат дар вилояти ғарбии Шинҷон алайҳи уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон, аз қабили қазоқҳо ва қирғизҳо, сахттар гардид.
Ин маъракаи густурда дар Шинҷон аз ташкили лагеру зиндонҳо то кори маҷбурӣ ва назорат бар таваллудро дар бар мегирад. Созмони Милал дар гузориши худ дар соли 2022 онро "нақзи ҷидди ҳудуқи башар" номид. Баъзе аз порлумони кишварҳои ҷаҳон онро "генотсид" ё наслкушӣ эътироф карданд.
Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳоло ҳадаф доранд, ки аз Чин фоидаи бештари иқтисодӣ бигиранд ва равобити тиҷоратиро бо Шинҷони ҳамсоя густариш диҳанд. 40 дарсади додугирифти Чину Қазоқистон ба ин вилоят рост меояд.
Дар умум, ҳузури иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз нокомиҳо дар замони пандемия, афзоиш меёбад. То охири соли 2020 сармоягузории Чин ба минтақа ба 40 миллиард доллар расида, то охири соли 2022 ба 70 миллиард доллар баробар шуд.
То ҳол қисми зиёди сармоягузории Чин дар минтақа ба Қазоқистон рост меояд. Илова бар ин, тиҷорати Чину Қазоқистон дар соли 2022-юм 33 дарсад афзуда, 24 миллиард долларро ташкил дод. Мақомоти маҳаллӣ ният доранд, онро боз ҳам афзоиш диҳанд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар моҳи марти имсол дар Остона котиби Ҳизби коммунисти Шинҷон Ма Синжуя ва як ҳайати зери раҳбарии ӯро ба ҳузур пазируфт. Он ҳангом ду тараф ба маблағи 565 миллион доллар қарордоди нав имзо карданд.
Остона инчунин худро як нуқтаи калидӣ барои ҳамлу нақли бор байни Чин ва Аврупо нишон дода, саъй дорад, холигоҳеро, ки дар пайи таҳримҳои зидди Русия ба вуҷуд омадааст, пур кунад.
Рафаэлло Пантуччи, муаллифи китоби "Синостан" мегӯяд: "Муносибатҳои Чин бо Осиёи Марказӣ чандон тағйир наёфтаанд. Онҳо ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амният ва рушди Шинҷон баррасӣ мешаванд ва ин бешубҳа минтақаест, ки Сӣ Ҷинпин ва ҳукуматаш худро роҳат эҳсос мекунанд ва равобити наздиктарро идома медиҳанд."
Нишасти таърихӣ?
Ба зудӣ дар Сиан нишасти сатҳи баланд бо ҳузури раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва зери раёсати Сӣ Ҷинпин баргузор хоҳад шуд. Бори аввал пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як раҳбари Чин сарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро қабул мекунад.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 8-уми май нишастро "даври нави ҳамкорӣ" байни Чину Осиёи Марказӣ донист. Вай дар бораи имзои “ҳуҷҷати муҳим" ва "тарҳи нави равобити Чин ва Осиёи Марказӣ" гуфт, аммо тафсилот надод.
Профессор Ҳайюн Ма мегӯяд, фоидаи иқтисодии созишномаҳои наве ба мисли низоми бе раводид то ҳол рӯшан нест, аммо нишонаи нуфузи афзояндаи Пекин ва нав шудани сохтори минтақавӣ ҳастанд.
Сокинони Осиёи Марказӣ мехостанд, бо кишварҳои дигар муносибати дарозмуддати иқтисодӣ барқарор карда, аз ҷиҳати сиёсӣ аз Кремл дур шаванд, аммо Русия ҳамчунон як бозигари калидӣ дар минтақа мемонад.
Нуфузи Русия ба таври комил замоне намудор шуд, ки раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои таҷлили Иди Ғалаба рӯзи 9-уми май ба Маскав шитофтанд. Чизе, ки аксар таҳлилгарон натиҷаи фишори Кремл медонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Ма мегӯяд, Пекин аз ин нишаст истифода хоҳад кард, то кишварҳои минтақаро мутмаин созад, ки аз истиқлоли сиёсии онҳо ҳимоят мекунад ва барои эҷоди як "ҳалқаи иқтисодӣ" (марказаш дар Чин) дар АвруОсиё қадамҳои нав хоҳад бардошт.
"Ин стратегияи бо як тир ду фохта задан аст: коҳиш додани нуфузи Русия ва бештар муттаҳид кардани Осиёи Марказӣ бо Чин ва тарҳҳояш дар минтақа," -- мегӯяд Ма.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Интихоби Ҷинпин. Пайомадаш барои Тоҷикистону минтақа чист?