Як рақиби Эрдуғон номзадии худро пас гирифт

Муҳаррам Инҷе

Номзад ба мақоми президенти Туркия ва раиси "Ҳизби ватан" Муҳаррам Инҷе аз иштирок дар интихоботи ин кишвар, ки қарор аст 14-уми май баргузор шавад, даст кашида, номзадии худро пас гирифт.

Бино ба гузориши хабаргузории "Anadolu", Инҷе сабаби пас гирифтани номзадии худро "мавҷи маводу далелҳо"-е номид, ки дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ зидди ӯ нашр шуданд.

Ба гуфтаи Инҷе, расонаҳои туркӣ дар давоми 40 рӯз алайҳи ӯ аксу маълумоти дурӯғ ва сохта нашр карданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз тафтиши онҳо худдорӣ карданд.

Инҷе гуфтааст, давлати Туркия натавонист аз обрӯи ӯ ҳамчун шаҳрванд ва номзад ба мақоми президентӣ ҳимоят кунад.

Тибқи натиҷаи назарсанҷие, ки 11-уми май нашр шуд, 2,2 дарсади пурсишудаҳо гуфтаанд, ки омодаанд ба ҷонибдорӣ аз Инҷе раъй диҳанд.

Дар ҳоле ки ду ҳафта пеш 4,3 дарсади иштирокдорон омода буданд, ки ба ӯ овоз диҳанд. Дар ин назарсанҷӣ 49,3 дарсад аз Камол Қиличдороғлу ва 43,7% аз президенти ҳозира Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳимоят кардаанд.

Бар асоси қонунгузории Туркия, номзаде барандаи интихобот эълом мешавад, ки беш аз 50 дарсади овозҳоро ба даст орад.