Додгоҳи олии Покистон амр дод, ки сарвазири собиқ Имрон Хонро зуд озод кунанд.
Вай рӯзи 9-уми май ба гумони фасоди идорӣ ва фурӯхтани туҳфаҳои давлатӣ дастгир шуд.
Се додраси Додгоҳи олии Покистон рӯзи 11-уми май боздошти Имрон Хонро ғайриқонунӣ номиданд.
Ҳамзамон аз нахуствазири собиқ хостанд, барои таҳқиқи парвандааш бо муфаттишони Оҷонси зиддифасод ҳамкорӣ кунад.
Боздошти сарвазири собиқи Покистон хашми тарафдоронашро барангехт. Эътирози олуда бо хушунат саросари Покистонро фаро гирифт ва чанд нафар куштаву захмӣ шуд.
Полиси Покистон рӯзи 11-уми май псадҳо тарафдори Имрон Хонро боздошт намуд.
Дар минтақаҳое, ки тарафдорони ӯ ба вайрон кардани биноҳову моликияти давлативу хусусӣ роҳ дода буданд, аз ҷумла вилояти Панҷобу шаҳри Исломобод, артиш ҷойгир шуд.
Мунир Бангаш, ҷонибдори Имрон Хон, мегӯяд, "дари дӯконамро баста, корамаро гузошта, ба инҷо омадам. Мо метавонем ҳар бинои давлатиро муҳосира кунем ва барои ин омода ҳастем. Сад нафарро мепаронанд, 300 ё ҳазор нафарро, аҳамияте надорад."
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф аз эътирозгарон талаб кард, ки ба тахриби моликияти давлат хотима бахшанд. Ӯ ваъда дод, ки ҳукумат ба эътирозҳои хушунатбори рӯзҳои охир бо мушти оҳанин ҷавоб хоҳад дод.
Имрон Хони 70-сола моҳи ноябри соли гузашта, ки ҳамроҳи ҳазорон ҷонибдораш ба сӯи Исломобод ҳаракат мекард, аз тири туфангча захмӣ шуд. Баъдан, ӯ як мақоми Хадамоти иктишофии Покистонро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард.
Ситораи собиқи бозии крикет, ки соли 2018 ба раҳбарии Покистон расид, дар моҳи апрели соли гузашта аз мақом барканор шуд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад