Дар Остона иҷрои қарори гуруҳи кории СММ-ро талаб доранд

Ҷонболат Мамай дар байн. Акс аз моҳи ноябри 2022

Ҷонибдорони раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай рӯзи 10-уми май дар шаҳри Остона ҷамъ шуда, аз мақомот даъват карданд, ки қарори гурӯҳи кории СММ оид ба боздошти худсаронаро иҷро кунанд.

Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона моҳи гузашта қарор кард, ки Ҷонболат Мамай ғайриқонунӣ боздошт ва ҳабс шудааст. Коршиносони гурӯҳ гуфтанд, ӯ бояд "фавран озод гардад” ва барояш “ҳуқуқи дарёфти ҷуброн тибқи қонунҳои байнулмилалӣ” фароҳам карда шавад.

Инга Имонбой, ҳамсари Мамай ва фаъоли мадании қазоқ дар як нишаст гуфт, Қазоқистон ҳамчун узви созишномаҳои бунёдии байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон уҳдадор аст, ки қарори гурӯҳи кории СММ-ро иҷро кунад. Вай гуфт, ки парванда алайҳи Ҷонболат Мамай ангезаи сиёсӣ дорад.

Додгоҳи ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алматои Қазоқистон 10-уми апрел Мамайро дар доираи парвандаи "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли гузашта 6 сол шартан маҳкум кард. Мамай айби эъломшударо рад кард.

Мамайи 34-сола 26-уми феврали соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯ пас аз гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас ба гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуда буд.