Ду фаъоли қарақалпоқистониро ғоибона зиндонӣ карданд

Муҳокимаи эътирозгарони Қароқалпоқистон. Бухоро, моҳи ноябри 2022

Додгоҳи олии Узбекистон фаъолони иҷтимоӣ Амонбой Саъдуллоев ва Ниятбой Урозбоевро дар доираи парвандаи ҳодисаҳои Қароқалпоқистон ғоибона аз 12 то 18 сол зиндонӣ кард. Дар ин бора сухангӯйи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов хабар дод. Ҳукм паси дарҳои баста рӯзи 10-уми май баромад.

Муҳокимаи додгоҳӣ бе ҳузури гумонбарон сурат гирифт. Ҳардуи онҳо дар берун аз Узбекистон зиндагӣ мекунанд.

Додгоҳи олии Узбекистон Амонбой Саъдуллоев ва Ниятбой Урозбоевро ба кӯшиши вайрон кардани сохти конститутсионии Узбекистон ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ гунаҳкор шинохт.

Саъдуллоев ҳамчунин ба кӯшиши ҳамла ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гунаҳкор дониста шудааст.

Саъдуллоеви 55-сола дар Норвегия ба сар мебарад ва дар онҷо паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст. Гуфта мешавад, ки Оразбоеви 53-сола дар Қазоқистон аст.

Эътироз дар Қароқалпоқистони Узбекистон баъд аз он шуруъ шуд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қароқалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон дар рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022-юм 21 кас кушта, 243 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қароқалпоқистон даст кашиданд.