Арман Солден, рӯзноманигори хабаргузории AFP дар наздикии шаҳри Бахмути Украина кушта шудааст.
Тими AFP ҳангоме, ки бо гуруҳи низомиёни украин буд, зери тирборони "Град" қарор гирифт. Мушак дар наздикии маконе афтод, ки рӯзноманигор Солден дароз кашида буд. Аъзои дигари тими хабаргузорӣ зиён надидаанд.
"Марги вай - ёдоварии даҳшатбор аз хатарҳоест, ки рӯзноманигорон ҳангоми инъикоси ҷанги Украина ҳамарӯза рӯ ба рӯ мешаванд", - гуфт намояндаи AFP Фабрис Фрайс.
Арман Солден дар ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина, дар охири моҳи феврали соли 2022 ба Украина рафта буд. Вай пайваста аз минтақаҳои ҷанубии Украина гузориш медод, ки ҷанги Русия зидди Украина асосан дар ин минтақаҳо идома дорад.
Ба иттилои созмони "Хабарнигорони бидуни марз", Солден 11-умин намояндаи расонаҳост, ки ҳангоми инъикоси ҷанг дар Украина кушта мешавад.