Қирғизистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Қазони Русия консулгариҳои генералии худро боз мекунад.
Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, ки раисҷумҳур Содир Ҷабборов дар ин бора фармонеро ба имзо расондааст.
Ҳадаф аз боз кардани консулгариҳои нав "мусоидат ба будубоши қонунии шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия" гуфта шудааст.
Ҷабборов 8 май бо сафари расмӣ ба Москва рафта, бо ҳамтои руси худ дидору гуфтугӯ кард. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.