Додгоҳи Душанбе Аҳдӣ Саидхон, як сокини шаҳрро ба гуноҳи қатлу роҳзанӣ ба 23 сол зиндон маҳкум кард.
Дар баёнияи додгоҳ аз 6-уми май омадааст, ки Аҳдӣ Саидхон моҳи феврали имсол бо ҳадафи ошноӣ бо духтарони танфурӯш ба яке аз роҳравҳои зеризаминии Душанбе рафт ва онҷо бо Бахтиёр Самадови 30-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ даъво намуд.
Ба гуфтаи додгоҳ, Аҳдӣ Саидхон, баъди ин даъво нақшаи қатли Бахтиёр Самадовро кашидааст.
“Маҳкумшуда ӯро рӯзи 6-уми феврал аз роҳи фиреб ба канори рӯдхонаи Душанбе бурда, ду дафъа сарашро ба сутуни бетонӣ кӯфта, чанд дафъаи дигар бо санг ба сараш задаву куштааст," – омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Дар идома гуфта шудааст, ки муфаттишон “ҷиноятҳои Аҳдӣ Саидхонро собит карданд” ва барои ҳамин ӯ барои қатл ва роҳзанӣ ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.
Назари худи маҳкумшуда ва ё вакили дифои ӯ маълум нест.