Анкара дархости Амрикоро дар мавриди интиқоли низоми зиддимушакии С-400 ба Украина рад кардааст. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу хабар дод.
Човушоғлу гуфт, Туркия ба ин назар аст, ки пешниҳод дар мавриди С-400 хилофи истиқлоли миллии Туркия аст. Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, пешниҳоди дигари Вашингтон ин буд, ки маҷмааҳои зиддимушакии мазкур ба ихтиёри Иёлоти Муттаҳида супурда шаванд.
Туркия шартномаи хариди маҷмааҳои С-400-ро аз Русия соли 2017 баста буд. Арзиши маҷмааҳо 2,5 миллирад долларро ташкил додааст.
Соли 2019 Анакара нахустин С-400-ро гирифт. Он замон ИМА хариди маҷмааҳои мазкурро аз сӯи Туркия маҳкум карда буд. Доналд Трамп, президенти вақти Амрико, зидди Туркия таҳрим ҷорӣ ва ин кишварро аз барномаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои зарбазани насли нави F-35 берун кард.
Баҳори соли 2022 расонаҳо навиштанд, ки мақомоти Амрико ба Анкара пешниҳод кардаанд, ки дар ивази бекор кардани таҳримҳо маҷмааи зиддимушакиро ба Украина диҳад.
Киев аз кишварҳои Ғарб пайваста тақвияти мудофиаи ҳавоии Украинаро талаб мекунад. Вашингтон аз ҳамаи кишварҳои ҳампаймонаш хостааст, низомҳои зиддимушакии русиро, ки дар ихтиёр доранд, ба Украина диҳанд.
Рӯзи 14-уми май дар Туркия интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар назар аст. Назарсанҷиҳои пешакӣ шикасти эҳтимолии президенти ҳозира Раҷаб Таййиб Эрдуғонро пешбинӣ мекунанд. Вай борҳо гуфт, ки омода аст, дар ҷанги Русия зидди Украина миёни Маскав ва Киев миёнравӣ кунад.