Боздошти як марди тоҷик ба гумони куштани занаш

Акс аз бойгонӣ

Як сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба гумони куштани ҳамсараш дастгир кардаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми май дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ рӯй додааст.

Акбархӯҷа Почозода, раиси ҷамоати Оббурдон, рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Латиф Ғафуров дар заминаи муноқишаи оилавӣ ҳамсарашро ба қатл расондааст.

"Онҳо муваққатан дар хонаи падар, дар ноҳияи Мастчоҳ, зиндагӣ мекарданд. Байнашон чӣ нофаҳмӣ шудааст. Ҳодиса соати дуи шаб шудааст, соати чор маъмурони милиса омаданд," -- афзуд Почозода.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, марди гумонбар 51-сола аст ва ҳамсараш аз ӯ ҷавонтар.

Куштани занон аз сӯи шавҳаронашон дар Тоҷикистон нав нест. Соли гузашта як мард дар ноҳияи Зафаробод ҳамсару писарашро кушта буд.