Дар Узбекистон парвандаро зидди як ҷавон ғайриқонунӣ номиданд

Парвандаи маъмурӣ ба зидди ҷавоне, ки "лента"-еро бо ранги парчами Узбекистон ва навиштаи "Хатмкунанда" ба гардан овехта буд, баъд аз дахолати Додситонии кулли он кишвар қатъ карда шудааст.

Тибқи иттилои додситонӣ, ҷавон дар яке аз бозорҳои вилояти Қашқадарёи Узбекистон боздошт шуда буд.

"Ин қарори ғайриқонунӣ зидди ҷавон бо дахолати Додситонии кулли Узбекистон бекор карда шуд", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии додситонӣ.

Дар Кодекси маъмурии Узбекистон барои вайрон кардани қонун дар бораи парчами давлатӣ, нишон ва суруди миллӣ то 990 ҳазор сӯм барои шаҳрвандони одӣ ва барои кормандони давлатӣ аз 3 то 7 ҳазор сӯм ҷарима пешбинӣ шудааст.

Тибқи қонунгузорӣ, парчами Узбекистон танҳо дар биноҳои мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, утоқҳои кории президенту раҳбарони дигар, ҷузъу томҳои низомӣ, гузаргоҳҳои марзӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо истифода бурда мешавад.