Дар интихоботи президентии Туркия бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон нафаре рақобат мекунад, ки пайрави мазҳаби алавӣ аст. Алавиҳо ақаллияти мазҳабӣ дар Туркия ҳастанд ва дар гузашта зери фишори сунниҳо қарор доштанд.
Камол Қиличдороғлу, рақиби Эрдуғон, аз алавиҳо аст ва ошкоро дар ин бора дар наворе сухан гуфт. Чунин эътироф дар сиёсати Туркия кам ба назар мерасад.
Истар Гозайдин, таҳлилгари масоили динӣ, мегӯяд, "тафсири ислом дар ин мазҳаб аз фаҳмиши сунниҳо фарқ мекунад. Маросим гуногун аст. Тафсиру фалсафа дигар. Аз ин рӯ, сунниҳои сахтгир онро ҳамчун тафсири бидъат медонанд."
Алавиҳо на дар масҷид, балки дар ҷамоатхона намоз мегузоранд ва бо рақс ибодат мекунанд. Ба фарқ аз мазҳабҳои дигари исломӣ, намозгузории занону мардон ҷудо набуда, пӯшидани ҳиҷоб ҳатмӣ нест.
Алавиҳо борҳо қурбони хушунати мазҳабӣ шудаанд. Соли 1993 як издиҳом меҳмонхонаеро, ки ҷашнвораи фарҳангии алавиҳо баргузор мешуд, сӯзонда, 37 нафарро куштанд.
Хушунат нисбат ба пайравони ин мазҳаб то имрӯз идома дорад. Саломӣ Саритош, раиси Ҳизби Картал Ҷамовии Истанбул, соли гузашта мавриди ҳамлаи як издиҳоми мазҳабӣ қарор гирифт. Вай аз суҳбати Қиличдороғлу истиқбол мекунад.
"Ин навор ҷомеаи моро хушбин кард. Дар ҳар сурат, одамон ҳоло рӯшод дар бораи пайрави алавӣ буданашон суҳбат мекунанд. Мо мехоҳем, ки фарзандони мо дар ҷомеаи амн зиндагӣ карда, дар ин кишвар ҳуқуқи баробар дошта бошанд," -- гуфт Ҷамовӣ.
Аммо Қиличдороғлу дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ҳамла ва таҳдид қарор гирифт. Бархе гуфтанд, дар Туркия ҷудоиандозӣ дорад. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ зуд-зуд ба Қиличдороғлу бо ишора ба мансубияти мазҳабияш пардапӯшона ҳамла мекунад.
То кунун ҳувияти мазҳабии Қиличдороғлу дар миёни бисёре аз ройдиҳандагон ҳамчун монеаи интихоботӣ арзёбӣ мешуд. Дар ҳоле ки ӯ ба эътилофи аҳзоби мазҳабӣ ва миллатгаро раҳбарӣ мекунад, баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, ҷомеаи Туркия тағйир хоҳад ёфт.
Аз сӯйи дигар, навори суханронии Қиличдороғлу бозии сиёсӣ унвон мешавад, вале ба беш аз 100 миллион тамошобин беасар намонд. Истар Гозайдин мегӯяд, "бо таваҷҷуҳ ба хурофоте, ки то имрӯз ҷамоати алавиҳо бо он рӯ ба рӯ шудаанд, ин рафтор хеле ҷасурона ва муҳим аст."
Дар интихоботе, ки торафт наздик мешавад, маълум нест, ки бозии сиёсии Қиличдороғлу натиҷа медиҳад ё не. Баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, новобаста аз он ки ин сиёсатмадор пирӯз мешавад ё не, ӯ аллакай фазои сиёсии кишварро дигар кардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад