Як вакили Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, гуфтааст, ё низоми душаҳрвандиро бо баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздоранд ва ё қоидаи сафарбар кардани ин гуна шахсонро ба ҷанг тағйир диҳанд.
Михаил Матвеев рӯзи 6-уми май дар Телеграм навишт, чаро ҳар сол даста-даста мардони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, шаҳрвандии Русияро мегиранд, вале ба майдони ҷанг сафарбар намешаванд.
Ӯ афзуд: "Дар моддаи 10-уми қонуни федеролӣ дар бораи уҳдадории ҳарбӣ гуфта шудааст: шахсе, ки шаҳрвандии Русияро гирифт, бояд дар давоми ду ҳафта худро дар комиссариати ҳарбӣ сабтином кунад. Пас, мушкил чист? Чаро онҳо мобилизатсия намешаванд? Баталйони тоҷикҳо ку? Ҷанг давом дорад, ба Русия сарбоз лозим аст… "артиш"-и зодагони Осиёи Марказӣ бештар дар полки таксиронҳову роҳрӯбон ва бинокорон ҳастанд, на тирандозӣ ё ҳадди ақал хандақканӣ."
Омори дақиқе нест, ки чӣ қадар аз тоҷикони табааи Русия ба ҷанг дар Украина бурда шуданд. То ҳоло дар бораи марги чандин нафар гузориш расидааст. Гузашта аз ин, марги тақрибан бист тоҷики зиндонӣ дар Русия дар ҷанги Украина ҳам таъйид шуд.
Вакили порлумони Русия гуфтааст, раванди дур мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг санҷиш мехоҳад ва душаҳрвандиро сабаби асосӣ донистааст.
"Агар гуфтаам дуруст бошад, пас, мо бояд зуд қонунро дигар кунем… Ман қонунҳоро меомӯзам ва тарҳи ислоҳҳоро омода мекунам. Агар гап дар бораи душаҳрвандӣ бошад, ё манъ карда шавад ё қоида дар бораи имкони сафарбар кардани ингуна шахсон тағйир ёбад," – афзудааст ӯ.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.
Мунтақидон аз пайомадҳои барои давлати Тоҷикистон нохушоянди ин раванд ҳушдор дода, мегӯянд, дар сурати зарурӣ Русия метавонад аз ин гурӯҳи шаҳрвандон барои манфиатҳои худ истифода кунад, аз ҷумла дар ҷанг зидди Украина.