Украина мегӯяд, 45 низомияшро аз Русия гирифт

Нерӯҳои Украина пас аз раҳоӣ

Русия рӯзи шанбе 45 низомии Горди Миллии Украинаро аз асорат озод кард. Дар иваз Киев се халабони Русияро раҳо намуд.

На Русия ва на Украина инро расман табодули асирон намедонанд.

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина, рӯзи 6-уми май гуфт, "35 сарбози қаторӣ ва 10 афсари озодшуда "Азовстал"-ро муҳофизат мекарданд."

Садҳо сарбози украинӣ, аз ҷумла аскарони полки "Азов", моҳи майи соли гузашта дар Мариупол ба дасти нерӯҳои Русия асир шуданд.

Аз он вақт то ҳоло бисёре аз муҳофизони Мариупол дар натиҷаи табодули асирон байни Русия ва Украина озод гардиданд.