Дар се моҳи соли 2023 тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон (44,9 ҳазор нафар) ба шаҳрвандии Русия пазируфта шуданд. Дар ин бора рӯзи 5 май хабаргузориҳои расмии Русия бо такя ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додаанд. Манбаъ гуфтааст, дар маҷмӯъ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ 106 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ соҳиби шаҳрвандии Русия гардид ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазор нафар камтар будааст. Вале дар миёни шаҳрвандони кишварҳои дигар маҳз тоҷикистониҳо бештар аз дигарҳо соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд. Масалан, дар ин муддат 22 ҳазор украинӣ, 8,9 ҳазор арманӣ, 6,9 ҳазор қазоқистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд.
Дар гузашта ҳам омори қабули шаҳрвандии Русия аз ҷониби тоҷикистониҳо рекордӣ шуда буд. Танҳо соли 2022 ба иттилои ВКД Русия, аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 174 ҳазор нафар соҳиби шиносномаи Русия шуданд.
Таҳлилгарон дар майли бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба гирифтани паспорти русӣ сабабҳои объективиро далел меоранд: миёни ин ду кишвар қонуни душаҳрвандӣ амал мекунад ва дар шароити бекории сартосарӣ дар Тоҷикистон барои наздики як миллион ҷамъияти Тоҷикистон Русия чун макони муҳими кору даромад пазируфта шудааст. Вале мунаққидон аз паёмадҳои барои давлат нохушоянди ин раванд ҳушдор дода мегӯянд, ки дар сурати зарурӣ Русия метавонад аз ин гурӯҳи шаҳрвандон барои манфиатҳои худ истифода кунад.
28 апрел президенти Русия Владимир Путин, ки беш аз як сол аст зидди Украина меҷангад, қонуни нав «Дар бораи шаҳрвандии Русия»-ро имзо кард, ки ҳамчунин додани шиносномаи русиро осонтар мекунад. Қонуни нав аз ҷумла, ба онҳое, ки барои хидмат дар артиши Русия ва «дигар воҳидҳои низомӣ» розӣ мешаванд, имкони гирифтани осони шаҳрвандии ин кишварро фароҳам мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳушдор медиҳанд, ки пазириши осони шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон дар шароити кунунӣ маҳз бо мақсади ба ҷанг бурдани нирӯи бештар ба роҳ монда шудааст.