Зеленский даъват кард, ки Путин дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима шавад

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина даъват кард, як додгоҳи байналмилалие таъсис дода шавад, ки дар он ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Украина ва “амалҳои ҷиноӣ”-и раиси ҷумҳур, Владимир Путин муҳокима шавад.

Зеленский дар ин бора рӯзи 4-уми май ҳангоми суханронӣ дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд суҳбат кард.

Ӯ гуфт: “Ҳамаи мо мехоҳем дар инҷо, дар Гаага Владимири дигарро бубинем, ки барои амалҳои ҷиноиаш сазовори ҷазо аст. Ман бовар дорам, ки вақте мо пирӯз шудем, ин кор иттифоқ меафтад.”

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ моҳи марти имсол дастури боздошти раиси ҷумҳур Владимир Путинро содир кард.

Ӯро ба ғайриқонунӣ аз Украина ба Русия бурдани кӯдакони украинӣ муттаҳам мекунанд, ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб меравад.