Барои вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон планшет ва компютерҳои нав харидаанд. Дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон гуфтааст, 65 планшет ва чанд адад комютеру дастгоҳи чопӣ “барои беҳтар ва шаффоф намудани раванди муошират ва қабули дархостҳои шаҳрвандон” гирифта шудаанд.
Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон 63 вакил дорад. Тарафдорони ҳукумат нақши порлумонро дар ҳаёти сиёсии кишвар муассир мехонанд, аммо мунтақидон мегӯянд, порлумони имрӯзаи Тоҷикистон зери нуфузи ҳукумат қарор дорад ва қонунҳоро бидуни баҳс қабул мекунад.