Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои истифодаи якҷои манобеи табиӣ, аз ҷумла об ва поккории наҳрҳои наздимарзиро баррасӣ кардаанд, ки дар гузашта сабаби даъвову хунрезӣ байни сокинон шудааст.
Мулоқоти ҳайатҳо рӯзи 2-юми май дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара сурат гирифтааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ки гуруҳҳои корӣ бо раҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдукарим Олимбоев, намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд, фаъолияти гуруҳҳои кориро баррасӣ кардаанд ва натиҷаи кори онҳоро наззарас номидаанд.
Ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд, самараи кори ду тараф ин будааст, ки нофаҳмиҳо ҳал шуда, ҷонибҳо дар масъалаи истифодаи якҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ ба тафоҳум расидаанд.
Таъйину аломатгузорӣ нашудани қисматҳое аз марзи вилояти Суғд бо вилояти Ботканди Қирғизистон солҳои дароз аст, ки сабаби ҷангу даъво барои замину обу чарогоҳ мешавад.