Як маҳбуси тоҷикро, ки дар Украина нопадид шудааст, наздиконаш ҷустуҷӯ доранд.
Шарифбек Зулфиқоров, сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар як зиндони Русия буд ва ӯро моҳи октябри соли гузашта ба ҷанг дар Украина ҷалб кардаанд.
Мавҷуда Давлатова, модари Шарифбек ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш 3-юми октябри соли гузашта, дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки онҳоро ба ҷанги Украина мебаранд. Ин охирин тамоси маҳбуси тоҷик бо хонаводааш будааст.
Ҳоло пайвандонаш аз мақомоти тоиҷиқ ва сафорати ин кишвар дар Русия мехоҳанд дар ҷустуҷуйи фарзандашон ба онҳо кӯмак кунанд.
Шарифбек Зулфиқоров cе сол пеш дар пайи як занозании муҳоҷирон, бо гуноҳи авбошӣ зиндонӣ шуда, дар маҳбаси вилояти Липетскии Русия адои ҷазо мекард. Аз маҳбас ба волидони ӯ гуфтаанд, "Шарифбекро аз инҷо бурданд", вале дар бораи зинда ё мурда будани ӯ хабар надодаанд. Маҳбуси тоҷик падари ду фарзанд будааст.
Маълум нест, ки Русия чӣ теъдод аз зиндониёни тоҷикро ба ҷанг дар Украина ҷалб кардааст , вале то кунун хабари кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷик дар ин ҷанг расонаӣ шудааст.
Мақомоти тоҷик мавридҳои маргу нопадид шудани маҳбусонро дар ҷанги Русия бо Украина шарҳ надодаанд, аммо қаблан аз Тоҷикистониён даъват карда буданд, ки ба ҷанги Украина нараванд.