Юсуф Раҳмон дар Туркия истирдоди афроди таҳти пайгардро баррасӣ кард

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Бекир Шоҳин, додситони кулли Туркия мавзуи истирдоди афроди таҳти пайгард ва мубориза бо тероризму ифротгароиро баррасӣ кардаанд. Суҳбати ду мақоми баландпояи тоҷику турк рӯзи 2-юми май дар Туркия доир шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ду ҷониб масъалаи “муборизаи муштарак” зидди терроризму ифротгароӣ ва эътирофи созмонҳои терррористӣ дар хоки ду кишварро баҳс кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ду мақом истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани шаҳрвандони зиндониро аз хоки кишварҳои ҳамдигар муҳокима кардаанд.

Туркия, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки даҳҳо мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон борҳо аз Туркия барои боздошту истирдоди фаъолони “Гурӯҳи 24”, созмони мухолифи ҳукумат дархост дода буд, вале мақомоти турк то ҳанӯз ҳеч кадоме аз онҳоро истирдод накардааст.

Мухолифон дар гузашта гуфта буданд, ки ҳукумат талош дорад, то ҷои пойи онҳоро дар Туркия танг кунад. Туркия дар чанд соли пеш масири аслии пайвастани ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳисоб мешуд.