Раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи нави Узбекистон дар шароите баргузор шуд, ки ба талаботи гуногунандешии воқеии сиёсӣ ва рақобат посухгӯ набуд. Дар ин бора нозирони байналхалқии Бюрои САҲА дар умури ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон изҳори назар карданд.
Ин ниҳоди марбутаи САҲА 1-уми май дар гузорише ҳамчунин навишт, ин вазъ бори дигар нишон медиҳад, ки бояд дидгоҳҳои алтернативии сиёсӣ ҳимоят шаванд, озодиҳои ибтидоӣ эҳтиром гарданд ва барои рушди ҷомеаи шаҳрвандии мустақил шароит фароҳам оварда шавад.
Пештар Алберт Йонссон, роҳбари маъмурияти САҲА гуфта буд, райъпурсии Узбекистонро дар шаҳри Тошканд гуруҳи иборат аз 10 мутахассис ва минтақаҳои он кишварро 14 мутахассис назорат мекунанд.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, раъйпурсӣ аз ҷиҳати техникӣ хуб ба роҳ монда шуда буд, аммо дар шароите баргузор гардид, ки ба гуногунандешии воқеии сиёсӣ ва рақобати воқеӣ ҷавобгӯ набуд.
Намояндагони маъмурияти САҲА гуфтанд, Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) салоҳиятҳояшро дуруст амалӣ кард, аммо комисияҳои поёнӣ бетарафӣ ва мустақилӣ надоштанд.
Ба иттилои КМИР Узбекистон, дар раъйпурсии рӯзи 30 апрел 84,5 дарсади сокинони соҳиби раъй ширкат ва 90,2 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз тағйиротҳо овоз додаанд.
Моддаи 106 Конститутсияи Узбекистон дар таҳрири нав муҳлати президентиро дар он кишвар аз 5 ба 7 сол тамдид мекуанд. Ин тағйирот ба Шавкат Мирзиёев иҷоза медиҳад, ки ду давраи дигар сари қудрат боқӣ монад.