Тазоҳуроти мухолифон ва ҷонибдорони Мирзиёев дар Берлин

Шавкат Мирзиёев ва Олаф Шолтс

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баъд аз як рӯзи баргузории раъйпурсӣ, ки имкони дар сари қудрат мондани вайро то соли 2040 фароҳам кард, ба Олмон рафт.

Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс Мирзиёевро 2-юми май дар Берлин ба ҳузур пазируфт. Хадамоти матбуотии садри аъзами Олмон иттилоъ дод, ки "ҷонибҳо дар ин дидор дар баробари равобити дуҷониба, ҳамчунин масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ, амният ва вазъи минтақаро баррасӣ карданд".

Тибқи иттилои мақомоти Узбекистон, Олаф Шолтс дар мулоқоте, ки ҳудуди ду соат пушти дарҳои баста сурат гирифт, аз сиёсатҳои нави минтақавии Узбекистон барои эҷоди фазои дӯстӣ, эътимоди дуҷониба ва таҳкими ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ гӯиё истиқбол кардааст.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон афзуда, ки ҷонибҳо барои афзоиши табодули мол ва тарҳҳои муштарак ҳам ба созиш расидаанд.

Як гуруҳ аз мухолифониУзбекистон дар арафаи сафари Мирзиёев дар назди коргоҳи садри аъзами Олмон тазоҳурот карданд. Онҳо дар даст лавҳаҳое доштанд, ки дар онҳо Мирзиёев интиқод мешуд. Ба гуфтаи эътирозгарон, Мирзиёев дар ду давраи президентии худ ваъдаҳоеро, ки барои ислоҳот дода буд, иҷро накард ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар Узбекистон бадтар шудааст.

Вақте Мирзиёев ба қароргоҳи садри аъзами Олмон наздик шуд, як гуруҳ аз узбекистониҳо дигар низ ҳозир шуда, ба ҷонибдорӣ аз ӯ шиор мепартофтанд. Ҷонибдорони Мирзиёев аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд.