Бино ба гузориши ду шабакаи телевизионӣ, як шаҳрванди Амрико ва ду шаҳрванди Канада, ки ҳамроҳи сарбозони украинӣ ба зидди Русия меҷангиданд, дар шаҳри Бахмут кушта шудаанд.
Телевизионҳои CNN ва CBC рӯзи 1-уми май дар ин бора хабар дода, гуфтанд, ки ҳар се нафар аъзои Сипоҳи байнулмилалии хориҷиён буданд, ки дар ҷанг ба Украина кумак мекунанд.
Купер Эндрюси 26-сола аз Амрико рӯзи 19-уми апрел ва шаҳрвандони Канада рӯзи 26-уми апрел дар натиҷаи таркиши тири тӯпхонаҳои нерӯҳои Русия кушта шудаанд.
Дар Сипоҳи байнулмилалии хориҷиён, ки моҳи феврал бо фармони мақомоти Украина таъсис дода шуд, ихтиёриёне шомиланд, ки ба ин кишвар дар мубориза бо Русия кумак мекунанд.