Мақомоти Узбекистон ҳушдор додаанд, ки ташкили ҳаҷҷи фарзӣ дар салоҳияти оҷонсиҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ нест ва онҳое, ки тавассути ин гуна ширкатҳо ба Арабистони Саудӣ мераванд, ихроҷ карда мешаванд. Дар ин бора Кумитаи умури дини Узбекистон хабар додааст.
Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти ширкат ва оҷонсиҳои сайёҳии Узбекистон дар бораи ташкили ҳаҷҷи фарзӣ бештар шудааст.
Кумитаи умури дини Узбекистон мегӯяд, ташкил ва ирсоли ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ бар дӯши Кумитаи дин ва Раёсати мусалмонҳои Узбекистон аст.
"Бояд ёдовар шуд, ки Арабистони Саудӣ ташкили ҳаҷҷи фарзиро бо мақомоти расмии кишварҳо ба роҳ мондааст. Вайрон кардани тартиби ҳаҷҷи фарзӣ дар ҳудуди Арабистони Саудӣ боиси ҷарима ва ихроҷ аз он кишвар мегардад", - омадааст дар хабари Кумитаи умури дини Узбекистон.
Ҳушдори мақомоти Узбекистон дар ҳолест, ки Бархе аз сокинони Тоҷикистон ҳам ҳоло ба далели нархи нисбатан арзонтар тариқи Узбекистон барои адои ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.