КМИР: Конститутсияи Узбекистон дар таҳрири нав ба иҷро даромад

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Узбекистон (КМИР) хабар дод, Конститутсияи ин кишвар дар таҳрири нав ба иҷро даромад.

Қонуни нав, ки рӯзи 30 апрел тариқи раъйпурсӣ қабул шуд 1 майи соли 2023 ба иҷро даромад.

Ба иттилои КМИР, дар раъйпурсии рӯзи якшанбеи 30 апрел 84,54 дарсади аҳолии қобили раъй ширкат ва 90,21 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Конститутсияи нав овоз додаанд.

Раиси КМИР Зайниддин Низомхоҷаев 1-уми май дар нишасти хабарӣ дар Тошканд афзуд, танҳо 9,35 дарсади раъйдиҳандагон зидди ислоҳи Конститутсия баромаданд.

Низомхоҷаев гуфт, раъйпурсии Узбекистон барои қабули Конститутсияи нав тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории кишвар баргузор шуд.

Дар тарҳи нави Конститутсия муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дароз шудааст.

Тағйирот ба раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, ки ду давраи дигар президент интихоб шавад ва салоҳиятҳои президентро бештар созад.

Дар тарҳи нав омадааст, ки давлат вазифадор аст, шаҳрвандонро бо маоши ҳадди ақал, хона ва ёрии тиббӣ, инчунин дастрасӣ ба интернет таъмин кунад. Бино ба тағйирот, ҳукми қатл дар Узбекистон манъ шудааст.