Раисони ноҳияҳои Варзоб ва Ховалингро дар Тоҷикистон иваз карданд.
Бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми май, Шарифхон Сафарзода аз мансаби раиси ноҳияи Варзоб озод ва номаш ба мақоми муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудааст.
Ҳоло ба ҷойи ӯ Хусрав Дамонзодаро овардаанд.
Ба сабаби "гузаштан ба кори дигар" раиси ноҳияи Ховалинг Муҳтадӣ Маҷидӣ низ аз мансаб озод шуд, вале мақоми нави ӯ маълум нест.
Ба ҷойи ӯ Музаффар Мирзозода раиси нави Ховалинг шуд.
Муҳтадӣ Маҷидӣ тобистони соли гузашта ба хабарнигорон иҷоза надода буд, ки нишасти матуботиашро бо телефони мобилӣ ба навор гиранд.
Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон таъин ва барканории аъзои ҳукумат ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар салоҳияти президент аст.
Дар Тоҷикистон мисли баъзе аз кишварҳо таҷрибаи интихоби раисони шаҳру ноҳияҳо бар асоси озмун ва ё интихоби сокинон роиҷ нест. Озмунҳо танҳо барои қабул дар зинаҳои поёнии мақомот баргузор мешаванд.